Press Service
5/7/2025 8:06:36 AM

Санаи 6 майи соли 2025 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот Вазири молия хонум Кэтрин Смиттонро бо таъйин шуданаш ба ин вазифаи масъулиятнок самимона табрик намуда, дар иҷрои рисолати дипломатии ӯ комёбиҳо таманно карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муҳими густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои маориф, иқтисоду молия, бахусус имкониятҳои рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи Британияи Кабир ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин робита, таваҷҷуҳи махсус ба рушди бизнес-инкубаторҳо, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таҳкими фазои сармоягузории кишвар зоҳир гардид.
Powered by Froala Editor