Press Service

6/2/2025 8:23:47 AM
    Санаи 29 майи соли 2025 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ чорабинии канорӣ бо иштироки созмонҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ ва коршиносони соҳа таҳти унвони «Кушодани ҷараёнҳои устувори молиявӣ барои ҳифзи пиряхҳо ва устувории иқтисодӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. 
     Чорабиниро Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷидӣ Юсуф Хайрулло ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки ҷалби маблағҳои устувор барои амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо на танҳо ба муҳофизати ин манбаи муҳими об мусоидат мекунад, балки воситаи муассири баланд бардоштани устувории иқтисодиёт тавассути идоракунии паёмадҳои тағйирёбии иқлим мебошад.
      Ҳадафи асосии чорабинӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба нақши ҳаётии пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими об, таҳлили хатари обшавии босуръати онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори иқтисодӣ буд.
     Дар рафти чорабинӣ харитаи роҳ оид ба ҷалби сармояи хусусӣ тавассути барориши вомбаргҳои сабзи давлатӣ муаррифӣ гардид. Ҳамзамон, муҳокимаҳои панелӣ ба нақши ҳукумат, ниҳодҳои танзимкунанда ва бахши хусусӣ дар таҳкими устувории иқтисодӣ тавассути ҷалби маблағгузорӣ барои тадбирҳои пешгирӣ, мутобиқшавӣ ва коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо бахшида шуданд.
     Коршиносони байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатиро бо дарназардошти барориши вомбаргҳои сабзи давлатӣ дар соли 2025, омилҳои ҷалби сармоя барои бахши хусусӣ, густариши сармоягузориҳои устувор ва истифодаи ҳадафмандонаи маблағҳои сабзро ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳити зист мавриди баррасӣ қарор дода, омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти ҷалби маблағгузории устувор баён намуданд. 


                   

Powered by Froala Editor