Press Service

6/3/2025 4:46:42 PM
Ҳамватанони гиромӣ,
      Пӯшида нест, ки имрӯзҳо бо истифода аз имкониятҳои фаровони зеҳни сунъӣ дар саҳифаҳои гуногуни иҷтимоӣ ҷиҳати дарёфти даромади осон ҳар гуна эълонҳо интишор мегарданд, ки асоси воқеӣ надоранд (фейк). 
     Чанд рӯз пеш дар шабакаи иҷтимоии Facebook сайти бо ном “Тоҷикистон” маводеро бо акси Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Қаҳҳорзода таҳти унвони “Фармони нави Президент дар бораи пардохтҳо ба аҳолӣ” расонаӣ намуд, ки гӯё тибқи он ҳар як шаҳрванди кишвар ба гирифтани то 15 000 сомонӣ ҳақ дорад.
      Бояд гуфт, ки ин эълони паҳншуда ҳеҷ гуна асоси воқеӣ надошта, маҳз барои фиреб додани афроди ноогоҳ пешбинӣ шудааст ва шаҳрвандон набояд ба он бовар намоянд.
      Вазорати молия ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва талаботҳои банди 7 нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2015, №7 ҳамкориро дар самти дастрасии иттилоот бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва дигар васоити ахбори омма ба роҳ мондааст.
       Ҳамзамон, қайд менамоем, ки ҷиҳати дастрасӣ ба иттилои зарурии расмӣ дар баробари сомонаи Вазорати молия (www.moliya.tj), инчунин саҳифаи вазорат дар шабакаи иҷтимоии Facebook фаъол гардидааст ва тамоми шаҳрвандон метавонанд аз он бе монеа истифода баранд. 
       Раёсати котиботи  
       Вазорати молияи
       Ҷумҳурии Тоҷикистон

Powered by Froala Editor