Press Service
6/4/2025 8:56:55 AM

Санаи 3 июни соли 2025 вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каҳҳорзода Файзиддин Саттор дар вохӯрии вазирони молия ва раисони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шакли омехта баргузор гардид, дар формати маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар аснои вохӯрӣ иштирокдорон назарҳояшонро оид ба вазъи кунунии макроиқтисодӣ ва афзалиятҳои сиёсати иқтисодӣ баён намуда, ҳамчунин чораҳои тақвияти ҳамкории минтақавии буҷетӣ ва молиявиро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, иштирокчиёни вохӯрӣ омодагии худро оид ба масъалаҳои таъсиси Бонки рушди СҲШ, ташкили Шабакаи марказҳои таҳлилии молиявии СҲШ ва рушди молияҳои рақамии фарогир, инчунин, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати макроиқтисодӣ, устувории низоми молиявӣ ва ҳифзи суботи иқтисодии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баён доштанд.
Powered by Froala Editor