Press Service

6/9/2025 8:44:30 AM
Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишнома оид ба ворид намудани тағйиру иловаи №1 ба Созишномаи қарзӣ аз 2 марти соли 2021 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар доираи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» ба маблағи умумии 1,8 млн доллари амрикоӣ баргузор гардид.
     Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел ба имзо расониданд.
     Дар доираи лоиҳаи номбурда барқарорсозии низоми обтаъминкунӣ ва обҳои корезӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардонидани вазъи санитарию экологии ҳудуди шаҳри Кӯлоб пешбинӣ гардидааст.



Powered by Froala Editor