Пресс служба
10.07.2023 20:32:10
Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба «Таҳсилот ва тайёрии техникӣ/касбӣ ва Барномаи дастгирии буҷети соҳаи шуғл» сурат гирифт.
Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Роҳбари Намояндагӣ, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раймундас Кароблис ба имзо расониданд.
Маблағи созишномаи болозикр 30,0 млн евроро ташкил намуда, пурра маблағҳои грантӣ мебошад.
Powered by Froala Editor