Пресс служба
11.12.2025 8:12:14
Нимаи дуюми рӯзи 10 декабри соли 2025 дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Муовини якуми Вазири молияи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдулмуҳсен бин Саад Ал-Халаф баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор оид ба рушди устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, идоракунии қарзи давлатӣ, идомаи ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар, таъмини шаффофияти буҷетӣ, барориши қоғазҳои қимматноки давлатӣ, аз ҷумла “Сабз”, густариши ҳамкориҳо бо ташкилотҳои бонуфузи молиявии байналмилалӣ, аз қабили Бонки Умумиҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Исломии Рушд, инчунин фондҳои Арабӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар навбати худ Муовини якуми Вазири молияи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдулмуҳсен бин Саад Ал-Халаф вобаста ба фаъолияти Фонди Саудии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Вазорати молияро ҷиҳати идомаи мусоидат дар густариши фаъолияти Фонди мазкур дар Тоҷикистон иброз намуд.
Ҳамзамон, Абдулмуҳсен бин Саад Ал-Халаф омодагии Вазорати молияро ҷиҳати ҷалби институтҳои молиявии Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ба монанди Бонки Содиротию Воридотии Арабистони Саудӣ, Фонди Давлатии Сармоягузорӣ, Гурӯҳи Ҳамоҳангсози Араб, инчунин намояндагони бахши хусусии ин кишварро барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории Тоҷикистон баён намуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни вазоратҳои молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ изҳор доштанд.

Powered by Froala Editor
