Пресс служба

19.02.2026 13:49:13
Санаи 19 феврали соли 2026 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия-Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Тошканд) Гвидо де Санктис баргузор гардид.
      Дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои маблағгузории идомаи сохтмони НБО «Роғун», аз ҷумла фаъолияти ширкати итолиёвӣ дар иншооти НБО «Роғун», ташрифи ҳайати «Cassa Depositi e Prestiti» ба кишвар, инчунин дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.


Powered by Froala Editor