Пресс служба

17.08.2023 21:09:05

Санаи 17 августи соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо муовини директори иҷроияи Фонди Саудии Рушд оид ба стратегия ва рушд – ҷаноби Бандер Албазай, ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор гардид.

Дар аснои вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ибрози андеша намуда, оид ба рушду тақвияти бештари ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуданд.


Powered by Froala Editor