Пресс служба

01.09.2023 3:35:15
 Санаи 31 августи соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Акиҳико Танака баргузор гардид.
     Дар аснои мулоқот ҷонибҳо атрофи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мубодилаи афкор намуданд.
     Ҳамзамон, дар ҳошияи мулоқот маросими баимзорасонии Созишномаи грантӣ доир ба “Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ" сурат гирифт.
     Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Имай Сэйдзю ба имзо расониданд.
     Бо татбиқ гардидани Лоиҳаи мазкур имкон фароҳам мегардад, ки хизматчиёни давлатии ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон дар дараҷаи магистрӣ ва докторӣ таҳсил намоянд.
     Маблағи умумии Лоиҳа 276 млн йени ҷопонӣ (2 млн доллари амрикоӣ)-ро ташкил дода, пурра дар шакли грант пешниҳод гардидааст, ки татбиқи он соли 2024 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2030 ба нақша гирифта шудааст.

Powered by Froala Editor