Пресс служба

06.11.2023 22:32:56

Санаи 13 октябри соли 2023 дар шаҳри Маррокаши Шоҳигарии Марокко дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Умумиҷаҳонӣ вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Раиси бонки миллии Тоҷикистон - Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо Вазири молияи Швейтсария – хонум Карин Келлер-Зуттер баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ муҳокима гардиданд.

Инчунин, худи ҳамон рӯз вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо ноиби Президенти минтақавии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Шарқи Наздик, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Покистон – хонум Ҳела Шейхрухоу сурат гирифт.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба фаъолияти Корпоратсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, густариши ҳамкориҳои баъдӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назари тарафайн табодули афкор намуданд.

 

Powered by Froala Editor