Пресс служба

06.11.2023 22:30:50
Санаи 31 октябри соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар шаҳри Остона ҷаноби Салман Бал баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот Вазири молия Қаҳҳорзода Ф.С., ҷаноби Салман Балро барои таъйин шуданаш ба ин вазифаи пурмасъули дипломатӣ табрику муборакбод намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ таманно намуданд.
Зимни мулоқот маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ муҳокима гардиданд.


Powered by Froala Editor