Пресс служба

26.11.2023 21:45:22
        Дар ҳошияи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия, дар шаҳри Москва маросими баимзорасонии Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Азнавсозии низомҳои обёрӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд сурат гирифт.
       Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Директори иҷроияи Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд – Широков Андрей Германович ба имзо расониданд. Мақсади асосии лоиҳа ин баланд бардоштани иқтидори низомҳои обёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд татбиқ карда мешавад. Арзиши умумии лоиҳа 32,0 млн доллари амрикоиро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд маблағгузорӣ мегардад. Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2024 оғоз ёфта, анҷомёбии он соли 2029 дар назар аст.

Powered by Froala Editor