Пресс служба

04.12.2023 2:56:51
Санаи 4 декабри соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршад сурат гирифт. Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт табодули назар карда, оид ба рушду тақвияти бештари ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуданд. Ҳамзамон, дар аснои мулоқот маросими баимзорасонии Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба лоиҳаи «НБО Роғун» баргузор гардид. Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Раиси Фонди Саудии Рушд – ҷаноби Султон Абдураҳмон Ал-Маршад ба имзо расониданд. Ҳадафи асосии созишнома ин иштирок дар маблағгузории сохтмони иншооти НБО «Роғун» ҷиҳати таъмини нерӯи барқи барқароршаванда барои афзоиши истеҳсоли «нерӯи сабз» ва пешбурди «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистон мебошад. Арзиши умумии созишнома 100,0 млн доллари амрикоиро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди Саудии Рушд маблағгузорӣ мегардад.


Powered by Froala Editor