Пресс служба
09.05.2023 20:42:54
Санаи 4 майи соли 2023 мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Муовини Сарвазир – Вазири молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Ерулан Жамаубаев баргузор гардид.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишвар баррасӣ гардида, оид ба вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар самти рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ, рақамикунонӣ дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрам табодули афкор сурат гирифт.
Дар интиҳои мулоқот байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.