Пресс служба

13.12.2023 21:33:25

Санаи 12 декабри соли 2023 дар доираи баргузории ҷаласаи навбатии вазирон дар чаҳорчӯбаи барномаи рақобатпазирии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР), ки таҳти унвони “Ҳамкории даст ба даст дар замонҳои душвор” дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса баргузор мегардад, вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва ҳайати ҳамроҳ раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – Қодирзода С.С., муовини вазири рушди иқтисод ва савдо – Восидиён Ф.С. ва муовини раиси кумитаи андоз – Маликзода Н.С. бо сардори шуъбаи АвруОсиёии котиботи равобити байналмилалии СҲИР – ҷаноби Уиллям Томпсон баргузор гардид. Дар аснои мулоқот оид ба масъалаҳои рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ислоҳотҳои гузаронидаи Ҳукумати кишвар дар солҳои охир, инчунин татбиқи як қатор барномаҳои ислоҳотӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд, ки татбиқи маҷмӯи васеи ислоҳотро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт фаро мегиранд, иттилоъ дода шуд. Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.


Powered by Froala Editor