Пресс служба

04.01.2024 19:21:32
 Санаи 3 явнари соли 2024 дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Вазири хазинадорӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Мехмет Шимшек баргузор гардид.
      Дар доираи вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти татбиқи ислоҳот дар низоми идоракунии молияи давлатӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф дар ҳошияи ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ, рақамикунонии низоми молияи давлатӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва системаи давлатии пардохтҳои электронӣ, инчунин дигар масъалаҳо вобаста ба идоракунии молияи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
      Зикр гардид, ки баргузории чунин мулоқотҳо ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиш ва табодули таҷриба байни ду мақомоти давлатӣ барои амалишавии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат менамояд.
     Дар интиҳои мулоқот, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи
  
 


Powered by Froala Editor