Пресс служба

04.01.2024 19:22:26
    3 январи соли 2024 дар Вазорати хазинадорӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати хазинадарӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва молиявӣ баргузор гардид.
      Ёддошти тафоҳуми мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Вазири хазинадорӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия – ҷаноби Мехмет Шишмек ба имзо расониданд.
      Санади мазкур ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия дар самти баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ мусоидат менамояд.

Powered by Froala Editor