Пресс служба
09.05.2023 20:44:20
Санаи 6 майи соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия- Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо сафири Австрия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Остона) Вилли Кемпел, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.
Дар аснои мулоқот атрофи масъалаҳои иқтисод ва савдо, андоз ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, инчунин дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор сурат гирифт.