Пресс служба

04.01.2024 19:23:10
  Нимаи дуюми рӯзи 3 январи соли 2024 дар ҳошияи сафари корӣ вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ – ҷаноби Серкан Кайалар баргузор гардид.
      Зимни мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт, Вазири молия – Қаҳҳорзода Ф.С., ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркияро дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисодию тиҷоратӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра табодули афкор сурат гирифт.
     Дар анҷоми вохӯрӣ ҳамчунин дигар самтҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд низ баррасӣ шуданд.
  

Powered by Froala Editor