Пресс служба

01.02.2024 14:27:30

Нимаи дуюми рӯзи 31 январи соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Роҳбари навтаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Артур ван Дизен баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот Вазири молия Қаҳҳорзода Ф.С., ҷаноби Артур ван Дизенро барои таъйин шуданаш ба ин вазифаи пурмасъул табрику муборакбод намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ таманно намуданд. 

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба раванди иҷрои Барномаи кишварии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2023-2026,  минҷумла нақшаи кории он барои солҳои 2023-2024 ибрози назар намуданд.


Powered by Froala Editor