Пресс служба

16.02.2024 9:05:58
      Санаи 15 феврали соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин барориши вомбаргҳои сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
       Дар чорабинии мазкур Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ иштирок намуданд.
      Дар оғози чорабинӣ бо суханони ифтитоҳӣ Вазири молия Қаҳҳорзода Ф.С., Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Ф.Н., Раиси Шӯрои нозирони ҶСК “Бонки Эсхата” Райнер Мюллер-Ҳанке ва менеҷери минтақавии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар ҶТ Ҳошимов З., баромад намуданд.
       Зикр гардид, ки барориши аввалини вомбаргҳои “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа намуданд, инчунин ҷиҳати татбиқи саривақтии Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, ки бо мақсади рушди иқтисоди “сабз”, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партофтҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармоя таҳия гардидааст, дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Бонки Эсхата” ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC), амалӣ карда мешавад.
       Маблағҳо дар натиҷаи фурӯши вомбаргҳои “сабз” аз ҷониби эмитент барои маблағгузории лоиҳаҳои ҳифзи муҳити зист, беҳбудии вазъи экологӣ равона карда мешаванд. Бинобар ин, коғазҳои қиматноки мазкур қисми муҳими иқтисоди “сабз” ба ҳисоб мераванд.
      Дар аснои чорабинӣ аз ҷониби Раиси Раёсати ҶСК “Бонки Эсхата” Сайфиддинов А., рӯнамо дар мавзӯи “Барориши аввалин вомбаргҳои сабзи ҶСК “Бонки Эсхата”” пешниҳод карда шуд.
      Дар анҷоми чорабинӣ ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Бонки Эсхата” Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии коғазҳои қиматноки сабз дар феҳристи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
  

Powered by Froala Editor