Пресс служба

21.02.2024 8:09:10
  Санаи 16 феврали соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 баргузор гардид.
      Нишасти матбуотиро Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор оғоз намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки дар доираи тадбирҳои амлинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба 8,3 фоиз ва ҳаҷми номиналии он ба 130,8 млрд сомонӣ баробар гардид.
      Дар соли 2023 дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои мамлакат аз ҷониби Вазорати молия 26 созишнома барои татбиқи 24 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба имзо расонида шуд, ки маблағи умумии онҳо 571,7 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
      Дар идома Қаҳҳорзода Ф.С., зикр намуд, ки дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби Вазорат ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, аз ҷумла рушди низоми молияи давлатӣ иқдомоти зарурӣ роҳандозӣ гардид.
       Бо ин мақсад 137 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 20 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” таҳия ва амалӣ карда шуд.
      Дар баробари ин, бори аввал дар замони соҳибистиқлолӣ ҳисоботҳо оид ба иҷрои буҷети давлатӣ мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар сомонаҳои расмии созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Хазинаи Байналмилалии Асъор интишор гардид ва ин раванд дар солҳои минбаъда низ идома хоҳад ёфт.
      Дар аснои нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба саволҳои мавриди назар аз роҳбарияти Вазорати молия посухҳои мушаххас гирифтанд.

  



                                                                                             
                                                                                                                   

Powered by Froala Editor