Пресс служба
29.02.2024 8:07:56
Санаи 28 феврали соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии созишномаҳои қарзӣ, грантӣ ва лоиҳавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи Суғд-500» баргузор гардид.
Созишномаҳои мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷаноби Ҳолгер Вифел ба имзо расониданд.
Ҳадафи татбиқи лоиҳа ин таҷдид намудани системаи интиқоли нерӯи барқ, таъмини устувории хатҳои интиқоли барқ, паст кардани талафоти нерӯи барқ ва такмили таъминоти он дар минтақаҳои шимоли ҷумҳурӣ мебошад.
Маблағи созишномаҳои мазкур 35,4 млн евроро ташкил намуда, аз он 23,0 млн евро қарз, 10,0 млн евро грант ва 2,4 млн евро кумаки техникӣ мебошад.
Powered by Froala Editor