Пресс служба
29.02.2024 8:09:05
Санаи 28 феврали соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори минтақавии Осиёи Ғарбӣ ва Шарқии Раёсати рушди захираҳои инсонӣ ва иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд – хонум София Шакил баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла рақамикунонии иқтисодиёт, энергетика, маорифу тандурустӣ ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди назар изҳор намуданд.
Powered by Froala Editor