Пресс служба
26.04.2024 8:04:17
Санаи 24 апрели соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо сардори шуъбаи Осиёи Марказӣ ва Шимолии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд ҷаноби Тиерри Умбер ва мудири Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб доир гардид.
Дар аснои вохӯрӣ маросими ифтитоҳи лоиҳаи «Таҳкими идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷетӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ ва аз тарафи Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) маблағгузорӣ гардида, барои ислоҳотҳои дар доираи Старегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинишуда, равона карда шудааст.
Махсусан, дар доираи лоиҳа таҳкими низомҳои асосии миллии идоракунии молияи давлатӣ дар самти ҳисоботдиҳии бахши давлатӣ, таҳкими баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар бахши давлатӣ, таъмини шаффофияти молиявӣ ва дастрасӣ ба иттилоот, навсозии стандартҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар бахши давлатӣ, баланд бардоштани тавонмандии кормандони баҳисобгирии муҳосибӣ ва дигар чорабиниҳои афзалиятнок, пешбинӣ гардидааст.
Татбиқи сифатноки ҳадафҳои дар доираи лоиҳаи болозикр пешбинишуда барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардидани низоми молияи давлатӣ ва иҷрои Старегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат хоҳад намуд.
Powered by Froala Editor