Пресс служба
26.04.2024 8:06:44
Нимаи дуюми рӯзи 24 апрели соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори Департаменти шаҳрсозӣ ва сектори Гурӯҳи бахши обёрии Бонки Осиёии Рушд – хонум Ҷингмин Хуан сурат гирифт.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба татбиқи пурсамари лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ, густариши ҳамкориҳои баъдӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, инчунин ҷалби маблағҳои грантӣ барои амалисозии лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назар табодули афкор намуданд.
Powered by Froala Editor