Пресс служба
01.05.2024 7:49:42
Нимаи дуюми рӯзи 29 апрели соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – хонум Одил Рено-Бассо, ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор гардид.
Дар ҳошияи вохӯрӣ маросими баимзорасонии созишномаҳои қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди дусатҳа дар чорроҳаи С. Шерозӣ ва Ҳ. Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А. Қаҳҳорови шаҳри Душанбе» ва илова ба Созишномаи қарзии лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» сурат гирифт.
Созишномаҳои мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – хонум Одил Рено-Бассо ба имзо расониданд.
Ҳадафи татбиқи созишномаи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди дусатҳа дар чорроҳаи С. Шерозӣ ва Ҳ. Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А. Қаҳҳорови шаҳри Душанбе» ин баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути минтақаҳои болозикр, паст намудани ҳолатҳои тамбашавӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе мебошад.
Маблағи созишномаи мазкур 28 млн 450 ҳазор евроро ташкил намуда, аз ҳисоби маблағҳои қарзии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ мегардад.
Мақсади маблағгузории лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» ин барқарорсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори хизматрасонии соҳаи обтаъминкунию беҳдошт ва беҳтар намудани дастрасии аҳолии ноҳияи Файзобод ба оби нӯшокӣ, инчунин баланд бардоштани устувории фаъолияти молиявии корхонаи хизматрасонии ноҳия мебошад.
Маблағи иловагӣ ба Созишномаи қарзии лоиҳаи мазкур 1 млн 350 ҳазор евроро ташкил намуда, аз ҳисоби маблағҳои қарзии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои пӯшонидани норасогии маблағ дар татбиқи лоиҳа равона мегардад.
Powered by Froala Editor