Пресс-релиз

Санаи 3 майи соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба ҳамкорӣ бо Хазинаи Глобалии Маблағгузорӣ вобаста ба таҳия ва амалисозии Нақшаи сармоягузории афзалиятнок барои татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ, аз ҷумла намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, инчунин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иштирок намуданд.​ Дар доираи чорабинии мазкур масъалаҳо вобаста ба амалисозии Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №414 тасдиқ шудааст ва Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи мазкур мавриди муҳокима қарор дода шуд. Зикр гардид, ки ҳадафи Нақшаи мазкур ин муайян намудани сармоягузориҳои асосие мебошад ...

Подробнее

Пресс-релиз

Санаи 4 майи соли 2023 мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Муовини Сарвазир – Вазири молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Ерулан Жамаубаев баргузор гардид. ...

Подробнее

Мулоқот бо сафир Вилли Кемпел

Санаи 6 майи соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия- Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо сафири Австрия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Остона) Вилли Кемпел, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид. ...

Подробнее

Пресс-релиз

Санаи 10 майи соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия-Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо ҳайати Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, ки таҳти роҳбарии муовини ёвари директори генералӣ, сардори шуъбаи Осиё, Америкаи Лотинӣ ва баҳри Кариб-сафир Арно Вики ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид. Дар аснои вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мавриди назар табодули афкор намуданд. ...

Подробнее

Пресс-релиз

Аз 3 то 10 майи соли 2023 як гурӯҳ мутахассисони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати табодули таҷриба дар самти ислоҳот ва маъмурикунонии андоз дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доштанд. Дар рафти вохӯриҳо бо мутахассисони Кумитаи андози назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон атрофи масъалаҳои татбиқи муқаррароти қонунгузории нави андози ду кишвар, аз ҷумла, хусусиятҳои низомҳои андозбандӣ, тамғагузории электронии молҳо ва муайян намудани тартиби машваратчиёни мустақили андоз, муносибати таваккал дар назорати андоз ва пешниҳоди хизматрасониҳои андоз дар шакли электронӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт ...

Подробнее

Пресс-релиз

Пресс-релиз Санаи 10 майи соли 2023 таҳти роҳбарии Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Шӯро – роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони шарикони рушд иштирок намуданд. Дар ҷаласаи Шӯро ҳисобот оид ба иҷрои барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои​ ​ ​ ​ ​ 2021-2023 ва дархости вазорату идораҳо оид ба талабот ба кумакҳои техникӣ аз ҷониби шарикони рушд баррасӣ гардиданд. Дар оғози ҷаласа Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷ.А., қайд намуданд, ки низоми идоракунии молияи давлатӣ бо дастгирӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол такмил ёфта, саҳми шарикони рушд дар татбиқи ислоҳоти гуногунҷанба назаррас мебошад. Дар доираи ҷаласа аз ҷониби сардори сарраёсати буҷети давлатӣ Азимӣ З.,​ ҳисобот вобаста ба иҷрои барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023, аз ҷумла корҳои анҷомдодашуда ва мушкилиҳои ҷойдошта манзур карда шуд. Сипас, оид ба ҷалби кумакҳои техникӣ аз ҷониби шарикони рушд муовини сардори раёсати ҷамъбастии банақшагирии буҷети давлатӣ ва ҷумҳуриявӣ Шарифов Х., маълумот пешниҳод намуд. Дар рафти баргузории ҷаласа аъзои Шӯро вобаста ба​ таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҳамоҳангсозии фаъолияти минбаъда, инчунин муайян намудани тадбирҳои муосир барои амалӣ намудани Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мубодилаи афкор намуданд. ...

Подробнее